Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Кристаллнахт" ё шаби шишаҳои шикаста


Олмон ва Исроил 70-умин солрӯзи Кристаллнахт ё Шаби шишаҳои шикастаро қайд карданд. 9-уми ноябри соли 1939 натсистҳои Олмон бо силсилаи ҳамлаҳо ба дӯкону фурӯшгоҳ ва каниса маъракаи маҳви яҳудият дар Аврупоро шурӯъ карданд. Дар ин маърака ҳазорон нафар аз мардҳо ва писарони яҳудӣ боздошт ва ба урдугоҳҳо фиристода шуданд. Садри аъзами Олмон Ангела Меркел ва сарони ҷомеъаи яҳудии Олмон дар бузургтарин канисаи ин кишвар хотираи қурбониёнро пос доштанд. Ҳодиса ба он сабаб "Кристаллнахт" ном гирифт, ки сатҳи кӯчаҳоро шишаҳои шикастаи тиирезаҳо пӯшонда буд.
XS
SM
MD
LG