Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷузъиёти садама дар киштии зериобии Русия


Бар асари садама дар як киштии зериобии Русия 20 нафар кушта ва 21 тани дигар захмӣ шудаанд. Мақомоти расмӣ гуфтанд, рӯзи шанбе ҳангоми озмоиши киштӣ дар Уқёнуси Ором абзори оташнишонии киштии зериобӣ ба таври ногаҳонӣ ба кор даромада ва гази шимиёии фреон хориҷ кардааст, ки аз заҳри он маллоҳону муҳандисон нафасир ва ҳалок шудаанд. Сухангӯи нерӯҳои баҳрии Русия Игор Дигало гуфт, реактори атомии киштӣ осебе надида ва ба таври мӯътадил кор мекунад. Дар ин киштӣ 208 маллоҳ ва муҳандисони киштисоз қарор доштаанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG