Пайвандҳои дастрасӣ

Натоиҷи пешакии садамаи зериобии русӣ


Дар натиҷаи садама дар як киштии азими зериобии Русия дар рӯзи шанбе 20 нафар ҳалок ва бештар аз 20 тани дигар маҷрӯҳ шуданд.

Ин садама дар сафинаи зериобии атомии Русия баъди фалокат дар киштии зериобии Курск, ки 8 сол пеш ба вуқӯъ пайваста, бадтарин садамаи солҳои ахир унвон шудааст.

Мақомоти нерӯҳои баҳрии Русия гуфтанд, садама дар киштии зериобӣ, ки дар он 208 нафар қарор доштанд, ҳангоми озмоиш дар баҳри Жопуни уқёнуси Ором рух дод. Игор Дигало, сухангӯи нерӯҳои баҳрии Русия, дар ин бора мегӯяд: «Ҳангоми озмоиши фаъъолияти яке аз сафинаҳои атомии зериобӣ дар тамрингоҳи нерӯҳои баҳрӣ дар уқёнуси Ором, дар қаламрави обии баҳри Жопун дар натиҷаи фаъъолияти ғайримунтазира нодурусти абзори оташнишонии киштӣ бештар аз 20 нафар ҳалок ва 21 тани дигар маҷрӯҳ шуданд».

Расонаҳои Русия иттилоъ доданд, ки абзори оташнишонии киштии атомӣ ба таври ногаҳонӣ ба кор даромада, сабаби берун рехтани моддаи хатарноки шимиёӣ шудааст ва дар натиҷа аз заҳри он сарбозону мутахассисони мулкии киштӣ ҳалок шудаанд. Захмиёнро баъди садама бо қойиқҳои наҷот ба шаҳри Владивосток барои табобат овардаанд.

Игор Дигало инчунин гуфт, қурбониёни садама сарбозон ва аксаран кормандони Корхонаи Киштисозии Амур, созандагони сафинаи атомии мазкур, будаанд. Аз миёни 208 нафар танҳо 81 нафари онҳо сарбоз ва боқимонда муҳандисону коршиносони киштисоз будаанд.

Аммо реактори сафинаи атомӣ ҳеч осебе надидааст ва маводди атомӣ ҳам аз он берун нарехтааст.

Нерӯҳои баҳрии Русия, ки сафинаҳои зериобиаш муҳтоҷи тармиманд, аз соли 2000-ум то кунун дучори чунин фалокат нашуда буданд. Дар он сол киштии атомиии «Курск», дар Баҳри Баренс бо 118 маллоҳаш ғарқ шуда, тамоми сарбозонаш ҷон дода буданд. Ба гуфтаи Сергей Дигало, баъди ба эътидол овардани авзоъ дар сафина он ба пойгоҳи баҳрии русии «Санги бузург» дар Уқёнуси Ором бозгаштааст. Мақомоти Русия номи сафина, маҳалли ҷойгиршавии он дар уқёнусро эълом накарданд, вале расонаҳои Русия онро сафинаи ҷангии «Нерпа» номидаанд, ки паймони NАТО онро киштиҳои навъи «Акула» мехонад.

С. Дигало ҳамчунин мутазаккир шуд, ки қарор буд, сафинаи мазкур то охири сол барои фаъъолият дар сафи нерӯҳои баҳрӣ омода шавад.

Раисҷумҳури Русия Дмитрий Медведев ба вазорати дифоъи кишвар дастур додааст, то сабабҳои садамаро пурра таҳқиқ намояд. Феълан муовини аввали вазири дифоъи Русия Александр Колмаков ҳамроҳи фармондеҳи нерӯҳои баҳрӣ адмирал Владимир Висотский ба маҳалли ҳодиса рафтаанд. Владимир Путин, раисҷумҳури пешини Русия, ки чанд моҳ пеш аз ғарқ шудани сафинаи атомии «Курск» ба қудрат расида буд, барои амалкарди кундаш дар он замон мавриди танқиди зиёд қарор гирифт.

Бо вуҷуди афзоиши хароҷот барои артиши Русия, нерӯҳои мусаллаҳи он ҳанӯз ҳам зербунёду силоҳҳои қадима доранд ва олудаи фасод низ мебошанд. Соли 2003-ум киштии зериобии «К-129» ҳангоми шино дар баҳри Баренс бо 9 маллоҳ ғарқ шуд, ки танҳо як маллоҳи он зинда монд. Он замон киштии мазкурро барои ғайриқобили истифода буданаш, ба як пойгоҳи киштисозӣ мебурданд.

Дар соли 2005 як киштии хурди зериобии Русияро, ки ба тӯри моҳигирӣ дармонда буд, гурӯҳи наҷоти бритониёӣ аз банд раҳо кард.

Садамаи нав дар киштии зериобии Русия дар ҳоле сурат мегирад, ки танишҳои кишвар бо Ғарб боло мегирад ва Русия саъй дорад, то қудрати пешинаи низомии худро ба даст оварад.
XS
SM
MD
LG