Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талафоти нави Испониё дар Афғонистон


Дар Афғонистон як бомбгузори маргталаб мошини худро ба корвони мошинҳои сарбозони испониёӣ кӯбида, ду тан аз онҳоро кушта ва яки дигарро сахт захмӣ кардааст. Мақомоти афғон ва испониёӣ мегӯянд, ин ҳамла дар деҳаи Азизободи вилояти Ҳирот сурат гирифтааст. То кунун 25 сарбози испониё дар мубориза ба зидди ҷангҷӯёни Толиб ҳалок шудаанд. Испониё дар ҳайъати нерӯҳои байналмилаллии кӯмаки амниятии ба Афғонистон¸ ки тобеъи НАТО мебошад, 700 сарбоз дорад.

XS
SM
MD
LG