Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бомбгузорони ҷазираи Балиро қатл карданд


Дар Индонезӣ се тундрави исломиро, ки дар тарҳрезии бомбгузории хунини соли 2002 дар ҷазираи Балӣ гунаҳкор дониста шудаанд, қатл карданд. Аҷсоди Имом Самудра, Мухлос ва Амрозӣ, ки онҳоро дар шаҳри Ява бо зарби тир куштаанд, барои дафн ба рустоҳояшон фиристодаанд. Сокинони русто ва тарафдорони се нафар бо кормандони пулис, ки ҷасадҳоро овардаанд, бархӯрд кардаанд. Ҳар се нафар гунаҳкор аъзои Ҷамоаи Исломия – гурӯҳи тундраве будаанд, ки як ҳалқаи Ал-Қоида дар Осиёи Ҷанубӣ дониста мешавад. Бар асари бобмгузориҳои онҳо дар тарабхонае дар ҷазираи Балӣ 202 нафар ҷон доданд.

XS
SM
MD
LG