Пайвандҳои дастрасӣ

Саъйи дигар барои ҳалли низоъи Ховари Миёна


Гурӯҳи Чаҳоргонаи Ховари Миёна имрӯз ба хотири ҳифзи музокироти сулҳ бо мақомоти Исроилу Фаластинӣ гуфтӯгу кард, ҳарчанд дар ин музокирот зоҳиран то охири сол ҳеҷ созиши сулҳе ҳосил нахоҳад шуд. Тзипӣ Ливнӣ - вазири умури хориҷаи Исроил ва Маҳмуд Аббос – раиси ҷумҳури Фаластиниён, имрӯз дар ҷараёни як нишаст ба намояндагони Гурӯҳи Чаҳоргона, ки ба он Иттиҳодияи Аврупо, Амрико, Русия ва Созмони Милал шомиланд гузориш доданд. Ҳукумати Амрико ҳамин ҳафта эътироф кард, ки ғолибан раиси ҷумҳур Ҷорҷ Буш пеш аз анҷоми маъмурияташ дар моҳи январ ба ҳадафаш, яъне дастёбӣ ба созишномаи сулҳ миёни Исроилу Фаластиниён нахоҳад расид.
XS
SM
MD
LG