Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Садамаи маргбор дар киштии зериобии Русия


Раиси ҷумҳури Русия Дмитрий Медведев дастур додааст, то садамаи маргбор дар киштии атомии зериобии ин кишвар дар Уқёнуси Ором таҳқиқ комил шавад. Бино ба гузоришҳо, бар асари ин садама, дасти кам 20 нафар кушта ва 21 тани дигар захмӣ шудаанд. Сарбозон ва маллоҳони маҷрӯҳро таввасути қаиқҳои наҷот барои табобат ба Пойгоҳи Шарқи Дур дар Владивосток бурдаанд. Сухангӯи нерӯҳои баҳрии Русия, гуфт, кори нодурусти абзори оташнишонии киштии зериобӣ сабаби садама шудааст, вале реактори атомии киштӣ ба таври мӯътадил кор мекунад. Дар ин киштӣ, ки фаъолияташро озмоиш мекардаанд, 208 сарбозу маллоҳ қарор доштаанд.
XS
SM
MD
LG