Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иттиҳоди Аврупо ва буҳрони иқтисодии ҷаҳон


Раҳбарони ИА мехоҳанд, ки аз такрори зиёдаравиҳои бозори молии Амрико пешгирӣ кунанд.

Дар як нишасте дар шаҳри Брюссел, сарони кишварҳои узви ин иттиҳодия пешниҳод карданд, ки як низоми ҳушдордиҳандае таъсис шавад, то аз вуҷуди ҳубобҳои хатарноки молӣ ва номувозинатии нишондодҳои иқтисодӣ пешакӣ огаҳ кунад.

Раисҷумҳури Фаронса Николас Саркозӣ, ки нишастро раҳбарӣ мекард, гуфт, раҳбарони иттиҳодия мувофиқанд, ки бояд дар нишасти шаҳри Вашингтон қарорҳои қатъӣ қабул шавад.

Дар ин нишаст, ки 15-уми ноябр оғоз меёбад, сарони 20 кишвари сарватмандтарин ва дорои иқтисодҳои азими ҷаҳон ҷамъ меоянд. Ин 20 кишвар ба гурӯҳи мавсум ба G-20 шомиланд. Саркозӣ гуфт, ҳамоиши мазкур бояд роҳро барои ислоҳи низоми байнулмилалии молӣ боз кунад ва нишасти дувум, ки 100 рӯз баъд баргузор мешавад, идома ёбад. Ҳам Н. Саркозӣ ва ҳам Хосе Мануэл Барросо, раиси Комиссияи Аврупо, гуфтанд, ҳамоиши Вашингтон набояд танҳо ба хотири гуфтугуи холӣ бошад, зеро ҷаҳон дар чанголи буҳрон аст ва фурсат барои мунтазир шудан нест.

Ҳамоиши Вашингтон наметавонад бенатиҷа анҷомад. Ва ин як паёми баҳсҳои имрӯза буд.

Ба гуфтаи хабаргузории “Ассосиэйтед Пресс”, раҳбарони Иттиҳодияи Аврупо дар ин нишаст аз ширкаткунандагони он даъват хоҳанд кард, ки ба панҷ усул дар бозори молӣ розӣ шаванд. Аз ҷумла, ниҳодҳои махсуси баҳогузори иқтисодӣ бояд таҳти назорати бештар бошанд, меъёрҳои муҳосиботӣ ҳамранг карда шаванд, меъёрҳои бонкие муқаррар шаванд, ки рискҳои беш аз ҳадди бонкиро камтар намоянд ва аз Сандуқи Байнулмилалии Пул хоста шавад, ки роҳҳои ором кардани тӯфонҳои молиро пешниҳод кунад.

Николас Саркозӣ ҳамчунин гуфт, ки ӯ ҳамоиши ҳафтаи оянда дар Вашингтонро “Бреттон Вуд”-и нав мебинад: ин ҳамоиши соли 1944 то ба таъсиси СБП ва дигар ниҳодҳои ҷаҳонӣ оварда расонд: «Мо мехоҳем, то меъёрҳои бозиро тағйир диҳем».

Аммо мудири Сандуқи Байнулмилалии Пул Доминик Страус Кан таъкид намуд, ки раҳбарони ҷаҳонӣ набояд аз ҳамоиши Вашингтон интизороти зиёд дошта бошанд. Тағйирот, ба гуфтаи ӯ, дар як шаб ба вуқӯъ намепайвандад ва дар он нишаст созмони наве таъсис нахоҳад ёфт.

Айни замон як сухангӯи раисҷумҳури тозаинтихоби Амрико Барак Обама гуфтааст, ки вай дар нишасти ҳафтаи ояндаи гурӯҳ дар Вашингтон ширкат нахоҳад кард. Барак Обама гуфтааст, ки баъди расман пазируфтани ин мақом дар моҳи январ фавран ба масъалаи буҳрони иқтисодӣ дар кишвараш расидагӣ хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG