Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Барак Обама барномаи Бушро иҷро мекунад


Барак Обама - раиси ҷумҳури тозаинтихоби Амрико, ба ҳамтои лаҳистонии худ Лех Катсинзский гуфтааст, ҳукумати ӯ барномаи истиқрори сипари дифоъи мушакии Амрико дар Аврупои Шарқиро иҷро хоҳад кард. Дафтари раёсати ҷумҳури Лаҳистон, пас аз гуфтугӯи телефонии Барак Обама ва Лех Катсинзкий бо нашри як баёнияи расмӣ хабар дод, ки “иҷрои тарҳи сипари зиддимушакӣ идома хоҳад кард.” Созишнома дар бораи тарҳи мазкурро моҳи августи соли равон Амрико ва Лаҳистон имзо карданд. Амрико мехоҳад, то соли 2013 дар Лаҳистон 10 мушакҳои боздоранда ва дар Ҷумҳурии Чех чанд радар гузорад, ки бахше аз сипари дифоъи зиддимушакӣ аст. Русия ин сипарро хатаре ба амнияти миллии худ медонад.
XS
SM
MD
LG