Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Яман ҷазои узви Ал-Қоидаро сабук кард


Додгоҳи Олии Яман, ҳукми 10 соли зиндони Ҷобир Ал- Банно - як узви Ал-Қоидаро, ки Амрико барои сари он панҷ миллион доллар ҷоиза таъйин кардааст, то панҷ сол коҳиш дод. Ҷобир Ал-Банноро соли гузашта ба тарҳрезии бомбгузориҳои маргталабона дар таъсисоти нафтии Яман гунаҳкор дониста ва ӯро дар ғайбаш ба даҳ соли зиндон маҳкум карданд. Пулиси Яман моҳи сентябр тарҳҳои ин ҷангҷӯро ошкор ва аз бомбгузориҳо пешгирӣ намуд. Додгоҳи Олии Яман гуфт, аз он хотир ки Ҷобир- Ал- Банно довталабона худашро ба мақомот таслим кард, ҳукми зиндонаш аз 10 то 5 сол кам карда мешавад. Ин фардро, ки шаҳрвандии Амрикову Яманро дорад, Иёлоти Муттаҳида ба кӯмакҳои моддӣ ба Ал-Қоида муттаҳам намуда ва аз дер боз дар ҷустуҷӯи он буд.
XS
SM
MD
LG