Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду мардро дар Эрон ба дор овехтаанд


Normal 0 Дар Эрон ду нафарро, ки ба рабудану қатли як писарбачаи нӯҳсола гунаҳкор дониста шудаанд, ба дор овехтаанд. Рӯзномаи “Эътимод” – чопи Теҳрон хабар додааст, ки ин ҳодиса соли гузашта дар ҷазираи Кеш дар Халиҷи Форс ба вуқӯъ пайваста ва номи қотилон Алӣ ва Ҳасан будааст. Замону макони ба дор овехтани ин ду мард эълом нашудааст. Хабаргузории Франс Пресс мегӯяд, аз оғози соли равон то кунун дар Эрон 199 нафарро ба дор кашидаанд. Ба иттилоъи созмони ҳомии ҳуқуқи Авфи Байналмилал, Эрон дар соли 2007 ҳукми қатли 317 нафарро иҷро карда ва дар ин амр танҳо аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ақиб мондааст.
XS
SM
MD
LG