Пайвандҳои дастрасӣ

Як раҳбари Ал-Қоида дар Ироқро куштаанд


Нерӯҳои Ироқ Абу Ғазвон - як узви олирутбаи созмони терористии Ал-Қоидаро, куштаанд. Низомиёни Амрико зимни як баёнияи расмӣ гуфтанд, гурӯҳи гаштзании суннимазҳабони Ироқ, ки аз тарафи нерӯҳои Амрико ҳимоят мешавад, Абу Ғазвонро рӯзи панҷшанбеи гузашта дар маҳалли Тармия, воқеъ дар шимоли Бағдод дар наздикии як хона бо зарби тир ҳалок карданд. Ба гуфтаи низомиёни Амрико, Абу Ғазвон, ки фаъолиятҳои Ал-Қоида дар Ироқро сармоягузорӣ ва кӯдакон ба гурӯҳҳои тундрав ҷалб мекард, мавриди ҷустуҷӯи мақомоти интизомӣ қарор дошт.

XS
SM
MD
LG