Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Буш дар ҳалли қазияи Ховари Миёна оҷиз монд


Барак Обама, раисиҷумҳури тозаинтихоби ИМА ва сарвазири Исроил Эҳуд Олмерт дар сӯҳбати телефонӣ дурнамои раванди сулҳи Ховари Миёнаро баррасӣ карданд. Ба иттилоъи дафтари сарвазири Исроил, ҷонибҳо ба зарурати тезонидани ин раванд зимни кафолати амният ба Исроил ишора карданд. Дар ҳамин ҳол ахиран маъмурияти Ҷорҷ Буш иқрор кард, ки гумон аст сулҳ миёни Исроил ва Фаластин то моҳи январ, яъне то охири раёсати Ҷорҷ Буш имзо шавад. Ба гуфтаи Дана Перино, сухангӯи Кохи Сафед, “раисиҷумҳур Буш аввалин фарде буд, ки барои таъсиси давлати мустақили Фаластин даъват кард. Ин барои сокинони минтақа, ки мехоҳанд музокиротро ба роҳ монанд ва тасаввур дар бораи давлатдории худро возеҳ кунанд, басо муҳим аст. Вале мо фикр мекунем, ки то охири ин сол расидан ба натиҷае номумкин аст”.
XS
SM
MD
LG