Пайвандҳои дастрасӣ

Саммити тадорукотии ИА дар арафаи ҳамоиши ҷаҳонӣ


Раҳбарони 27 кишвари узви Иттиҳодияи Аврупо дар нишасти ғайрирасмии худ дар Брюссел чораҳои нави бурун рафтан аз бӯҳрони ҷаҳонии молиро баррасӣ мекунанд.

Раҳбарони кишварҳо ва сарони ҳукуматҳо бояд мавқеъи худ дар арафаи нишасти бузурги иқтисодӣ дар Вошингтонро ҳамоҳанг созанд. Ин нишаст рӯзи 15 ноябр ифтитоҳ шуда комилан ба бӯҳрони ҷаҳонии молӣ бахшида хоҳад шуд ва дар он барои нахустин бор ба ҷуз “ҳаштгонаи бузург” ҳамчунин сарони кишварҳои дар ҳоли рушд, аз ҷумла, Чин, Ҳиндустон ва Бразил ширкат хоҳанд кард.

Нишасти сарони кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо дар ҳоле доир мешавад, ки Сандуқи байнулмилалии пул дар бораи имкони пойин рафтани рушди иқтисод дар кишварҳои пешрафтаи саноатии олам дар соли 2009 гузориш пахш кардааст. Тибқи ин гузориш, интизор меравад маҷмӯъи даромади нохолиси миллӣ дар Иёлоти Муттаҳида сифру аз даҳ 7 дар сад ва дар 16 кишвари аврупоии вориди минтақаи пули ягонаи евро - сифру аз даҳ 5 дар сад пойин хоҳад рафт.

Ҳукумати Фаронса, садри даврии Иттиҳодияи Аврупо ахиран тарҳи иборат аз 5 бахшро пешниҳод кард, ки он бояд дар нишасти Вошингтон баррасӣ шавад. Муҳимтарин нуктаи ин тарҳ – боло бурдани нақши Сандуқи байнулмилалии пул дар назорати иқтисоди ҷаҳонист. Дар ин тарҳ ҳамчунин ба шаффофияти бештари бозорҳои молӣ ва эҳёи эътимоду итминон ба системи ҷаҳонии молӣ таъкид шудааст.

Ёдовар мешавем, аз ин пеш Иттиҳодияи Аврупо пешниҳоди Фаронса барои таъсиси Шӯрои вазирон дар назди Сандуқи байнулмилалии пул ба хотири боло бурдани нуфузи сиёсии ин ниҳоди молиро рад карда буд.

Гуфта мешавад, ки таҳдиди шикасти сартосарии молӣ каму беш аз байн рафтааст ва аммо сарони кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо мегӯянд, ки системи байнулмилали молия ба ислоҳоти ҷиддӣ ниёз дорад. Ба гуфтаи баъзе аз онҳо, ба хотири ҷилавгирӣ аз бӯҳронҳои нав ин систем бояд нав карда шавад. Бархе аз кишварҳо хостори таҳияи қавонини нави бозори иқтисодӣ шудаанд. Ва аммо дигарҳо ҳушдор медиҳанд, ки бо шитобзадагӣ қабул кардани қонунҳои нав дар оянда дар рушди иқтисод монеъ эҷод хоҳад кард.

Зимнан, сарони Иттиҳодияи Аврупо ба ширкати Барак Обама, раисиҷумҳури тозаинтихоби ИМА дар нишасти иқтисодии 20 кишвари пешрафтаи ҷаҳон, ки рӯзи 15 ноябр дар Вошингтон доир мешавад, умед бастаанд. Ва аммо раёсати Обама фақат моҳи январ шурӯъ мешавад ва аз ин рӯ ширкат кардан ё накарданаш дар ин нишаст ҳанӯз маълум нест. Рӯзномаи олмонии “Ҳанделсблат” ишора кардааст, ки шояд Обама аз соя андохтан ба ҷойгоҳи Ҷорҷ Буш дар охирин моҳҳои раёсаташ парҳез кунад ва то савгандёдкунӣ аз ширкат дар нишастҳои бузург худдорӣ намояд.

Ба гуфтаи коршиносон, нишасти Брюссел ба кишварҳое, ки аз ширкат дар нишасти Вошингтон маҳруманд, барои ибрози назари худ зимни таҳияи мавқеъи воҳиди кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо имкон фароҳам меоварад.

XS
SM
MD
LG