Пайвандҳои дастрасӣ

Вербеке бо мақомоти Абхозистон мулоқот орост


Фиристодаи вижаи Дабири Кулли СММ ва раҳбари ҳайъати нозирон дар Гурҷистон Йоҳан Вербеке имрӯз вориди Абхазистон шуд. Дар мулоқоти ӯ бо вазири умури хориҷаи Абхозистон Сергей Шамба авзоъ дар манотиқи ҳаммарз бо Гурҷистон баррасӣ гардид. Ҷонибҳо рӯи мавзӯъи ширкати Сухумӣ дар машваратҳои байнулмилалӣ дар Женева ҳам тамаркуз карданд. Тифлис ба ширкати ҳайъатҳои Абхозистон ва Осетияи Ҷанубӣ дар ин машваратҳо комилан мухолиф аст. Мақомоти Абхозистон ҳамчунин коҳиши теъдоди нозирони низомии СММ дар қаламрави ҷумҳурӣ ва табдили унвони расмии ҳайъати нозиронро талаб доранд.

XS
SM
MD
LG