Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бузургдошти устод Рӯдакӣ дар Қазоқистон


Донишмандони тоҷик Сафар Абдулло ва Шариф Шукуров дар конфронс

Донишмандони тоҷик Сафар Абдулло ва Шариф Шукуров дар конфронс

Дар шаҳри Алмаато бахшида ба 1150-солагии поягузори шеъри форсӣ-тоҷикӣ Одамушшуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ сешанбеи 4-уми ноябр конфронси байнулмилалие бо номи «Рӯдакӣ ва 1000 соли шеъри форсӣ» баргузор гардид.

Дар ин конфронс донишмандони зиёди кишварҳои Эрон, Тоҷикистон, Афғонистон, Қазоқистон, Русия, Покистон , Узбакистон ва Қирғизистон ширкат доштанд. Тавре Сафар Абдулло, донишманди шинохтаи тоҷики муқими Қазоқистон ва яке аз созмондиҳандагони ҳамоиш ва котиби илмии он мегӯяд, “ ҳадафи конфронси байнулмилалӣ ин аст, мо дар соле, ки дар тамоми ҷаҳон аз бузургдошти фарзанди бузурги миллатамон Абӯабдуллоҳ Рӯдакии самарқандӣ таҷлил мекунанд, мо низ як коре бикунем ва дайне адо карда бошем. Ба конфронс ҳудуди 50 мақола дарёфт кардем ва умедворем, ки беҳтарин мақолаҳоро ба сурати китоб дароварем ва ба забонҳои русиву форсӣ интишор кунем».

Дар ҳамоиш донишмандон дар бораи нақши бузурги устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар рушди шеъри форсӣ ва таъсири он ба адабиёти қавмҳои дигар ҳарф заданд. Гуфта шуд, шеъри Рӯдакӣ, ки саропо аз даъват ба накӯкориву инсонпарварӣ ва адолати иҷтимоист, таи беш аз ҳазор сол дар хидмати ҷомиаи ҷаҳонист ва таъсири ин шеър бо гузашти замон амиқтар мегардад.

Аз ҷумла донишманди эронӣ доктор Довуди Аспарҳам таъкид кард, ки бузургии шеъри устоди шоирон дар ин аст, ки Рудакӣ мусиқиро бо шеър ба ҳам пайваст ва тақрибан бо ҳама вазнҳои маъруфи шеъри форсӣ асар эҷод кард ва ӯро ба ҷуз падари шеъри форсӣ-тоҷикӣ хондан метавон поягузори мусиқӣ дар ин шеър донист. Оқои Аспарҳам гуфт, «мо дар маҷмӯаи баҳрҳои шеъри форсӣ, ки аз онҳо дастгоҳҳои мухталифи вазнӣ ба вуҷуд меояд, 20 баҳр дорем — 7 баҳри муттаҳи дуларкон ва 13 баҳри мухтали фуларкон. Рӯдакӣ дар 70 то 80 дарсади ин баҳрҳо шеър гуфта, яъне чун сароғози шеъри форсӣ тамоми ин вазнҳоро таҷруба карда. Бинобар ин Рӯдакӣ сад дар сади мусиқии шеъри форсиро таҷруба карда ва ба эътиқоди ман вай на танҳо падари шеъри форсист, балки падари мусиқии шеъри форсӣ ҳам ҳаст».

Вай афзуд, «аммо он чизе, ки барои мо дар мавриди Рӯдакӣ муҳим аст, ин ки мо медонем баъд аз омадани ислом ва ривоҷи фиқҳи исломӣ дар Эрон даргоҳи хулафои Аббосӣ бисёр ҳунарҳои ирониро таҳрим кард, минҷумла мусиқиро. Аммо вақте, ки ин фуқаҳои он рӯзгор омаданд, мусиқиро ҳаром карданд, муҷассамасозиро ҳаром карданд, наққоширо ҳаром карданд, танҳо шеър буд, ки ин ҷо ҳаром нашуд. Бинобар ин эрониҳо вақте шеърро аз дасти ин таҳримҳо хориҷ карданд, тамоми энержишона гузоштанд барои шеър. Аммо се қарн то замони Рӯдакӣ дар Эрон аз мусиқӣ хабаре набуд, яъне ҳама чиз пок шуда буд. Ман фикр мекунам, ки Рӯдакӣ чун худаш шеър мегуфту бо созҳо менавохт ва худаш ин шеърҳояшро мехонд, дарвоқеъ ӯро бояд эҳёгари мусиқии эронӣ баъд аз се қарни сукут талаққӣ кунем».

Донишмандони дигари эронӣ доктор Алӣ Муҳаммадӣ, Беҳноз Паймонӣ, Марҷона ва Мастона Илоҳӣ, Беҳҷатуссодот Ҳиҷозӣ дар бораи паҳлӯҳои гуногуни зиндагиву осори шоир суханронӣ карданд ва бархе аз ин суханрониҳо ба саҳми донишмандони тоҷик дар Рӯдакишиносӣ бахшида шуда буд Аз ҷумла, доктор Озитои Ҳамадонӣ махсус саҳми донишмандони тоҷик, ба вижа устод Айниро дар Рӯдакишиносӣ мавриди баррасӣ қарор дод.

Чунин таваҷҷӯҳи донишмандони эронӣ ба фаъолияти донишмандони тоҷик дар Рӯдакишиносиро профессор Абдунабӣ Сатторзода як падидаи наву хушоянд арзёбӣ кард. Бар илова, донишманди тоҷик, ки худ дар мавзӯи «Рӯдакӣ ва масъалаи омӯзиши сабки бадеӣ дар шеър» суханронӣ намуд, таъкид кард, ки ин ҳамоиш вижагиҳои дигар низ дорад ва он бо суханҳои тозааш дар рӯдакишиносӣ саҳме хоҳад гузошт. Оқои Сатторзода иброз дошт, пеш аз ҳама дар ин конфронс Рӯдакӣ аз нигоҳи донишмандони Қазоқистон , аз нигоҳи адабиёти қазоқ баррасӣ гардид.

Ҳамзамон ба ин сӯҳбатҳои ҷолибе марбут ба паҳлӯҳои фаъолияти офаринишии Рӯдакӣ сухан рафт. Аз ҷумла, суханрониҳои бисёр ҷолибе мисли суханронии доктори санъатшиносӣ Шариф Шукуров, ки аз Маскав омада буд, хеле ҷолиб буд. Вай аз дид ё нигоҳе ба симои ҷавонмардон дар аҳди Сомонӣ сӯҳбат кард. Ин гуна суханҳои тозаву кашфиётҳо, албатта, саҳме дар рӯдакишиносӣ хоҳад буд.

Донишмандони қазоқ мисли профессор Ӯтеген Қумисбоев, Ғолия Қамбарбекова, Гулбахром Молотова ва Айнаш Саидова изҳор карданд, ки таъсири Рӯдакӣ чун дигар намояндагони бузурги шеъри форсӣ ба адабиёти қазоқ бузург аст ва шоироне мисли Абай, Шокарим ва Юсуф Хос Ҳоҷиб дар пайравӣ ё таъсири бевоситаи шеъри Рӯдакӣ асарҳо эҷод кардаанд. Адиби қазоқ Анвар Олимҷонов бошад, бо номи «Тахти Рӯдакӣ» повесте эҷод карда, дар он бузургии шоирро васф кардааст.

Қодири Мурувват, раиси Маркази фарҳангии тоҷикони шаҳри Бишкеки Қирғизистон, бошад, таъкид кард, ки барои таблиғ ва интишори осори Рӯдакӣ ба ҷузъ ҳукумати Қирғизистон ҳамчунин худи Маркази фарҳангии тоҷикони кишвар саҳм мегузорад. Вай гуфт, «мо тавонистем бо ибтикори созмони тоҷикони Қирғизистон китоби устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакиро ба забони қирғизӣ тарҷума ва нашр кунем, ки ин аввалин гомест дар бобати тарҷумаи осори Рӯдакӣ ба забони қирғизӣ».

Ҳарчанд аз шоир то ба имрӯз мероси басо ночизе ба мо расидааст, вале ҳамин қасидаву ғазал , рубоиву қитъа ва порабайтҳояш аз бузургӣ ва нотакрории шеъри вай гувоҳӣ медиҳанд. Вале донишманд Сафар Абдулло бар ин назар аст, ки ҳарчанд дар бораи зиндагиву осори устоди шеъри форсӣ асарҳои зиёде офарида шудаанд, вале дар бораи маҳорати шоирии ӯ асари комиле эҷод нагардидааст ва ӯ ин корро анҷом доданист.

Дар конфронси байнулмилалии илмии «Рӯдакӣ ва 1000 соли шеъри форсӣ», ки бо ибтикори Пажӯҳишгоҳи ховаршиносии Қазоқистон, Ройзании фарҳангии Ҷумҳурии исломии Эрон ва Маркази илмиву фарҳангии Хонаи Авезов баргузор гардид, бархе аз ширкатдорон, аз ҷумла донишманди маъруф Шариф Шукуров таъкид карданд, ки чунин ҳамоишҳои илмӣ солҳои ахир дар Қазоқистон пайваста доир мегарданд ва онҳо ба шинохти ҳамаҷонибаи фарҳанги Эрону Тоҷикистон ва минтақа мусоидат мекунанд. Ҳамаи ин боис шудааст, ки алъон Маркази эроншиносӣ дар маҳдудаи шӯравии собиқ аз Маскаву Санкт-Петербург ба Алмаато кӯчидааст ва дар ин кор ағлаби ширкатдорони ҳамоиш нақши донишманди шинохтаи тоҷики муқими Қазоқистон Сафар Абдуллоро назаррас арзёбӣ карданд.

Ҳамчунин дар чаҳорчӯби ин ҳамоиш муаррифии китоби донишманди тоҷики муқими Маскав Шариф Шукуров бо номи «Маъно, образ ва шак» , ки дар Алмаато чун замимаи маҷаллаи «Эроннома» ба забони русӣ ба нашр расидааст, бо ширкати худи муаллиф баргузор гардид ва ин мулоқот бо донишманди маъруф ба ҳамоиш ҳусни хотима бахшид.

XS
SM
MD
LG