Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи нав болои ситезаҷӯён дар Баҷаур


Мақомоти Покистон дар бораи аз байн бурдани 17 ошубгар дар минтақаи кӯҳии Баҷаур, воқеъ дар марз бо Афғонистон хабар доданд. Ба иттилоъи намояндаи ҳукумат, бар асари ҳамлаи ҳавоӣ ба як қароргоҳи ситезаҷӯён дар ин минтақаи воқеъ дар шимолу ғарби кишвар 10 мусаллаҳи дигар ҷароҳат бардоштаанд. Имрӯз ҳамчунин хабар расид, ки бар асари ҳамлаи ҳавопаймои низомии амрикоӣ дар Вазиристони Шимолӣ 10 тан аз толибон кушта шуданд. Тафсилоти ин ҳамла ҳанӯз маълум нест.

XS
SM
MD
LG