Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мухолифини ҳукумат дар Тифлис гирди ҳам меоянд


Аҳзоби мухолифи ҳукумати Гурҷистон имрӯз дар канори бинои порлумон дар маркази Тифлис намоиши эътирозӣ доир мекунанд. Онҳо то қароргоҳи раисиҷумҳур Михаил Саакашвилӣ раҳпаймоӣ карда, ба ӯ як номаи эътирозӣ бо талабҳои худро месупоранд. Аҳзоби мухолиф – баргузории интихоботи қабл аз вақти президентиву порлумонӣ ва баргардонидани шабакаи телевизионии "Имеди" ба хонаводаи тоҷири маъруф Бадрӣ Патаркатсишвилиро талаб доранд. Шаҳрдории Тифлис барои баргузории гирдиҳамоӣ иҷоза додааст.

Як сол қабл рӯзи 7 ноябр мақомоти ҳифи тартибот ва амниятии Гурҷистон бо истифода аз гази ашковар ва тирҳои резинӣ ба гирдиҳамомадгон дар маркази Тифлис ҳамла карда ба тазоҳуроти аҳзоби мухолиф хотима гузошта буданд. Ба думболи ин Михаил Саакашвилӣ дар Гурҷистон вазъи изтирорӣ эълон карда буд. Бар асари саркӯбшавии гирдиҳамоӣ даҳҳо мухолифини ҳукумат маҷрӯҳ шуда буданд.

XS
SM
MD
LG