Пайвандҳои дастрасӣ

Маҷтамаъи мушакии “Искандар”, ки Маскав мехоҳад дар вилояти ғарбии Калининград дар посух ба барномаи истиқрори сипари зиддимушакии Амрико дар Лаҳистону Чехия мустақар кунад, асосан дар корхонаи тавлиди таслиҳоти низомии мавсум ба КБ Коломна тавлид мешавад.

Мушакҳои “Искандар” бо истифода аз техноложии радиолокатсионии мавсум ба “Стелз” сохта шудаанд, ки таъқибу пайгирӣ ва хунсо кардани онҳоро барои низомҳои зиддимушакии кишварҳои дигар коҳиш медиҳад.

Дункан Леннокс, сардабири маҷаллаи бритониёии "Jane's Strategic Weapons Systems", ки масоили марбут ба таслиҳоти стротежиро пайгирӣ мекунад, мегӯяд, Маскав бо чунин эъломияи баланд мехоҳад нигаронӣ ва хашмаш нисбат ба қасдҳои Вошингтон дар шарқи Аврупоро дубора баён кунад. Дункан Леннокс аз лиҳози фаннӣ то ҳадди пойгоҳи ояндаи зиддимушакии Амрико дар Чехия парвоз кардани мушакҳои “Искандар” аз вилояти Калининградро зери шубҳа гузошт, вале гуфт, аз ин минтақа метавон ба осонӣ ба пойгоҳе, ки дар Лаҳистон сохта мешавад, асобат кард. Аммо бо ин вуҷуд, сардабири маҷаллаи таслиҳотӣ мӯътақид аст, ки ҳатто дар сурати асобаташ ба пойгоҳи Лаҳистон, мушаки “Искандар” аз худ харобиҳое зиёде бар ҷо нахоҳад гузошт.

Мушаки баллистикии “Искандар” меросбари мустақими мушакҳои навъи “Ока” аст, ки Иттиҳоди вақти Шӯравӣ тавлид мекард, вале бар асоси паймони соли 1987 миёни Амрикову Шӯравӣ имзошуда, ки ҳифзи мушакҳо миёна- ва кӯтоҳ-парвоз бо беш аз 500 километр тӯли парвозро барои ин ду кишвар манъ мекард, соли 1989 беш аз 200 мушаки “Ока” ҳамроҳ бо 102 мушакандози ин навъ аз байн бурда шуд. Мушакҳои навъи “Ока”, ки аз ҷониби паймони низомии НАТО ҳамчун мушакҳои навъи SS-23 қаламдод мешаванд, дар корхонаи мошинсозии Коломна таҳти раҳбарии конструктори маъруфи таслиҳоти низомӣ Сергей Непобедимий сохта мешуд.

Мушаки “Искандар”, ки шогирдони Непобедимий сохтаанд, давоми мантиқии мушаки “Ока” маҳсуб шуда, дар арзёбии паймони НАТО ҳамчун мушаки SS-26 ном бурда мешавад. Русия тӯли парвози ҳар се навъи “Искандар”-ро аз 500 километр пойинтар оварда, онро ба шароити паймони соли 1987 дар бораи маҳви мушакҳои кӯтоҳу миёнапарвоз мутобиқ кардааст. Дункан Леннокс, сардабири маҷаллаи бритониёии "Jane's Strategic Weapons Systems" мегӯяд, мушаки “Искандар” аз мушакҳои қаблии русӣ муқтадиртар аст ва он то 30 метр ҳадафро асобат карда, қобил ба бурдани аз 480 то наздики 700 кило кӯлоҳаки ҷангист.

Гуфта мешавад, баландии парвози мушаки “Искандар” ҳудудан 50 километр буда, бомбаи кӯлоҳакаш одатан хушаӣ, зиддиафрод ва ё рахнакунанда аст.

Ин мушак се навъ мешавад: “Искандар –М” ва “Искандар-К” мутаносибан аз 400 то 500 километр тӯли парвоз дошта, махсус барои артиши Русия сохта шудаанд. Навъи севвуми ин мушакҳо “Искандар-Э” ба хотири содирот тавлид шуда, тӯли парвозаш нисбатан кӯтоҳтар – 280 километр баровард шудааст.

Дар солҳои гузашта мавзӯъи ба Сурия ва ҳатто ба Эрон фурӯхтани мушакҳои “Искандар” баррасӣ шуда буд, ки вокуниши манфии Амрико ва Исроилро ба бор овард.

Дар мавриди истифодаи нирӯҳои Русия аз мушаки “Искандар” дар ҷараёни ҷанги Гурҷистон низ гузоришҳо шудааст. Аз ҷумла, вазорати хориҷаи Ҳолланд гуфта буд, артиши Русия рӯзи 12 август ҳангоми бомбборони шаҳри гурҷии Горӣ аз мушакҳои ҳомили кӯлоҳакҳои хӯшаии “Искандар” истифода бурда, наворбардори телевизиони RTL Nieuws Стан Сториманс низ дар Горӣ бар асари маҳз чунин як ҳамлаи мушакӣ кушта шуд.

Аммо Маскав далоили овардаи ҷониби Ҳолландро нокофӣ хонда, аз бамбҳои хӯшаӣ истифода бурдани нирӯҳояш дар ҷанги Гурҷистонро низ шадидан рад мекунад.

XS
SM
MD
LG