Пайвандҳои дастрасӣ

Обама мехоҳад корро аз иқтисодиёт оғоз кунад


Барак Обама, раисҷумҳури тозаинтихоби Амрико, дар навбати аввал мехоҳад ба масъалаҳои иқтисодӣ расидагӣ кунад ва феълан номзадҳоеро мебинад, ки метавониста бошанд дар нақши вазири молия ё хазинадори Амрико вазъи феълии молии кишварро дуруст дарк ва роҳҳои ислоҳи ин вазъро пайдо кунанд. Президенти феълии Амрико Ҷорҷ Буш дар як суханронӣ дар марғзори Кохи Сафед бори дигар гуфт, ки ба интиқоли қудрат ҳамаҷониба кӯмак хоҳад кард ва ба Обама роҳи сафед хост. Вай инчунин масъалаҳои иқтисодиро дар сархатти кори ҳукумати оянда қарор дода чунин гуфт: "Мо бо мушкилоти иқтисодӣ рӯбарӯем, ки ба президенти нав фурсати осуда намедиҳанд, ки онҳоро ҳал кунад. Ин ҳамчунин нахустин интиқоли президентии Амрико дар чил соли охир аст, ки кишвар дар ҳоли ҷанг қарор дорад. Мо бо тундравони хашин ва қатъие дар набардем, ки бисёр мехоҳанд, дар чунин давраи тағйир ба мардуми Амрико зарба зананд. Бинобар ин дар 75 рӯзи оянда ҳамаи мо бояд талош кунем, ки барои фавран ба кор сар кардани Обама ва ҳукуматаш замини зери қадами онҳо сахту пойдор бошад."
XS
SM
MD
LG