Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Коҳиши тавлиди саноатӣ дар Тоҷикистон


Кумитаи байнидавлатии омори Ҷомеаи кишварҳои ҳамсуд мегӯяд, дар ҳоле ки дар аксари кишварҳои узви ҷомеа рушди иқтисодӣ дар 9 моҳи гузашта идома кардааст, Тоҷикистон ягона кишварест, ки ба коҳиши тавлиди саноатӣ рӯбарӯ шуд. Ин коҳиш дар Тоҷикистон дунимдарсадро ташкил медиҳад. Рушди аз ҳама бештар дар Белорус -- 13,1 дарсад, сипас дар Узбакистон - 12,4, Озарбойҷон -- 12 дарсадро ташкил дод. Русия аз лиҳози рушди иқтисодӣ дар ҷойи панҷум қарор гирифт бо 5,4 дарсад ва сипас Укроин -- 5,1. Афзоиши тавлиди саноатӣ дар Арманистон, Қазоқистон ва Молдова наздик ва каме беш аз 3 дарсад буда, Туркманистон оморе надодааст ва Гурҷистон ахиран ҷомеаро тарк кард.
XS
SM
MD
LG