Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кашфи ҷасади шаҳрванди Тоҷикистон дар Маскав


Аз партовгоҳи шаҳраки Лобняи наздикии Маскав ҷасади як шаҳрванди Тоҷикистон бо чандин захми кор дарёфт шудааст, ки ба плостик печонда ва ресмонҳо баста шуда буд. Кормандони ҳифзи қонун мегӯянд, дар ибтидо ин куштор кори дасти нажодпарастон шумурда мешуд, вале тибқи фарзияи дигар духтархонди марди тоҷик боздошт шудааст, ки рӯзи пеш байни ӯ ва падархондаш низоъ бархоста буд. Бо гумони ин куштор духтархонди 20-сола боздошт шудааст.
XS
SM
MD
LG