Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хушбинии ҳушмандона дар ҳалли низоъи Қарабоғ


Ҳамраисони Гурӯҳи Минск, ниҳоди Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар ҳалли низоъи Қарабоғи Кӯҳӣ байни Арманистон ва Озарбойҷон мегӯянд, гуфтушунидҳои ахир дар мавриди низоъ ба як хушбинии эҳтиёткорона ва воқеъбинонаи ҳалли он далел медиҳанд. Ин дипломатҳо, ки аз Амрико, Фаронса ва Русия намояндагӣ мекунанд, пас аз дидор бо президентҳои Арманистон ва Озарбойҷон, Серж Саркисян ва Илҳом Алиев дар Венаи Австрия гуфтанд, бояд гуфтушунид дар ҳалли ин низоъи 20-сола суръати бештар бигирад. Қарабоғи Кӯҳӣ бо аҳолии асосан арманитабораш дар оғози солҳои 90-уми садаи гузашта, худро аз Озарбойҷон мустақил эълон кард ва Арманистон дар ин низоъ шарик будааст.
XS
SM
MD
LG