Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таркише дар Владикавказ ҷони 11 касро гирифт


Тибқи гузоришҳо, дар натиҷаи таркиши маршруткае дар Владикавказ, пойтахти ҷумҳурии русии Осетияи Шимолӣ дасти кам 11 нафар ба ҳалокат расиданд. Муфаттишон гуфтанд, ки ба эҳтимоли ғолиб дар ин ҳодиса бомбае мунфаҷир шудааст. Таркиш замоне рӯй дод, ки як маршруткаи серодаме дар наздикии даромадгоҳи кинотеатр ва як бозоре воқеъ дар маҳалли серҷамъияти шаҳр қарор гирифт. Осетияи Шимолӣ бо Чеченистон ва ҷумҳурии ҷудоихоҳи гурҷиии Осетияи Ҷанубӣ ҳаммарз аст. Моҳи августи имсол Осетияи Ҷанубӣ ба маркази даргириҳои мусаллаҳонаи миёни нирӯҳои Русия ва Гурҷистон табдил шуд.
XS
SM
MD
LG