Пайвандҳои дастрасӣ

Берлусконӣ меҳмони Маскав аст


Нахуствазири Итолиё Силвио Берлусконӣ имрӯз зимни боздиди якрӯзааш аз Маскав бо раиси ҷумҳурии Русия Дмитрий Медведев мулоқот кард ва интизор меравад, ки дар поёни рӯз онҳо зери 30 санади ҳамкорӣ имзо гузоранд. Кремлин аз ин пеш гуфт, ки дар миёни ин созишномаҳо қарордоди ҳамкориҳои миёни ширкатҳои русиву итолиёӣ ва ёддошти тафоҳум миёни ширкатҳои энержии ҳастаӣ "Росатом" ва ҳукумати Итолиё қарор дорад. Инчунин интизор меравад, ки Берлусконӣ ва Медведев равобити миёни Русияву Гурҷистон ва бӯҳрони молии сартосариро баррасӣ кунанд. Шом Берлусконӣ дар қароргоҳи берунишаҳрии нахуствазири Русия меҳмони Владимир Путин хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG