Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қонуни нави дин дар Қирғизистон


Вакилони парлумони Қирғизистон қонунеро ба тасвиб расониданд, ки назоратро бар фаъолияти гурӯҳҳои мазҳабӣ ба дӯш мегирад. Тадбири маркур ҳама гуна таблиғоти диниро мамнӯъ карда, фошкунии ҳар маълумотеро роҷеъ ба сармоягузориҳои молии гурӯҳҳои мазҳабӣ дар баробари мақомот тақозо мекунад. Қонуни мазкур инчунин таълими масоили диниро аз ҷониби омӯзгорони хусусӣ манъ карда, дар айни замон, таълими маърифати диниро дар мактабҳои ҳамагонӣ дар назар мегирад. Ҳамчунин, қонуни нав нашри адабиёти мазҳабиро дар ҷойҳои ҷамъиятӣ манъ мекунад. Коршиносон тадбирҳои мақомотро чун кӯшише барои маҳдуд кардани фаъолияти гурӯҳҳои мухталифи масеҳии инҷилӣ ва инчунин созмонҳои тундгарои исломӣ арзёбӣ кардаанд.
XS
SM
MD
LG