Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

«Искандар» Лаҳистон ва Чехияро ба нишон мегирад


Аҳто Лобякас

Паймони низомии НАТО аз ояндаи муқаррароти созишномаи ҷаҳонӣ оид ба назорат аз силоҳ дар пасманзари сӯҳбатҳои рӯзи 5 ноябри раисҷумҳури Русия Дмитрий Медведев изҳори ташвиш кард. Медведев дар бораи нияти Маскав оиди истиқрори мушакҳо дар қаламрави Калининград, ҷазираи русие воқеъ дар байни кишварҳои аврупоии узви НАТО-и Лаҳистон ва Литва ба хотири нобудсозии системаи сипари зиддимушакии Амрико изҳороте пахш кард. Таҳаввулоти мазкур равобити бе ин ҳам мушкили Ғарбу Русия ва кишварҳои узви НАТО-ро, ки илова ба ин боз баъди даргириҳои моҳи август дар Қафқоз мулоқоти мақомоти Шӯрои НАТОву Русияро мутаваққиф карданд, бо ташаннуҷи бештар рӯбарӯ мекунад.

Қарори президенти Русия оид ба истиқрори мушакҳои кӯтоҳпарвози навъи "Искандар" дар як нуқтаи ғарбтарини ин кишвар барои Ғарб ногаҳонӣ набуд. Ҳанӯз феврали соли гузашта раисҷумҳури пешини Русия Владимир Путин дар як суханронии худ дар Мюнҳени Олмон гуфта буд, ки Русия маҷбур мешавад дар сурати истиқрори сипари зиддимушакии Амрико дар хоки Чехияву Лаҳистон бахшҳое аз онро ҳадаф қарор диҳад. Ин ду кишвар бо имзои созишномаҳо бо ИМА ба истиқрори ин сипари дифоӣ ризоият доданд. Зимни муроҷиаташ ба мардуми Русия рӯзи чоршанбе Медведев гуфт, ки ҳушдори раҳбари пешини кишвараш дар амал тадбиқ хоҳад шуд.

ИМА мегӯяд, ки истиқрори радар ва боздорандаи мушакҳо дар хоки Чехияву Лаҳистон зидди кишварҳои хатарзои мисли Эрон нигаронида шуда, ба ҳеҷ сурат тавозуни низомии миёни Русия ва НАТО-ро асар нахоҳад кард.

Сухангӯи НАТО рӯзи чоршанбе гуфт, ки нақшаҳои Русия дар сурати иҷрошавиашон ба таври ҷиддӣ созишномаҳои амалкунанда оид ба назорат аз аслиҳаро, ки барои амнияти Аврупо заруранд, аз зер хароб мекунад. Баъди дар соли 2002 аз созишномаи мушакҳои зиддибаллистикӣ берун шудани Амрико, Русия соли 2007 ҳузури худро дар паймони аслиҳаи маъмулии Аврупо мутаваққиф кард. Худи ҳамон сол мақомоти низомии Русия ошкоро манфиати паймони хунсосозии мушакҳои дур ва миёнапарвозро зери суол бурданд. Ин созишнома ҳанӯз соли 1987 дар миёни мақомоти ИМА ва Иттиҳоди Шӯравӣ имзо шуда буд.

Ахиран вазири дифои ИМА Роберт Гейтс гуфт, ки Вашингтон дар фикри тасвиби созишномаи зиддимушакии нав бо Маскав мебошад.

Мушакҳои навъи "Искандар"-и Русия, тибқи гузоришҳо, масоҳати 500 километрро дар бар хоҳад гирифт, дар ҳоле, ки созшиномаи соли 1987 истиқрори мушакҳои ҳавоиву заминиеро, ки масоҳати 500 то 5.500 километрро дар бар мегирад, манъ мекунад. Дар солҳои ҷанги Сард хатари мушакҳои миёнапарвоз чун мояи аслии ташаннуҷи равобит дар миёни Русияву Ғарб арзёбӣ мешуд. Ҳарчанд то ҳол Маскав нагуфтааст, ки ният дорад пурра паймони аслиҳаи маъмулии Аврупоро тарк кунад.

Барномаҳои Русия барои мустақаркунии мушакҳояш дар вилояти Калининград ҳамчунин нишонаҳои тавсеаёбии равобити Маскав бо паймони НАТО-ро дорад. Баъди рӯйдодҳои хунини моҳи августи имсол дар Осетияи Ҷанубӣ, НАТО мулоқоти маъмулии сафиронашро бо намояндаҳои Маскав мутаваққиф кард ва ин иқдом чун муҷозоти Русия барои вуруди нирӯҳояш ба хоки Гурҷистон арзёбӣ шуд. Ба андешаи таҳлилгарон, эҳтимол аст, ки то моҳи декабр нармише дар равобити ин ду тараф ба миён ояд. Дар охирин моҳи соли ҷорӣ вазирони хориҷаи НАТО қарор аст равобити ояндаи худро бо Маскав баррасӣ кунанд. Маҳз дар ҳамин нишаст ҳам масъалаи ба Украинаву Гурҷистон дода шудани ҳақи узвият дар Нақшаи амали НАТО баррасӣ мешавад, ки ҳамчунон мояи мухолифатҳои шадиди Русия мебошад.

Раисҷумҳури Литва Валдас Адамкус гуфт, ки барномаҳои Русия барои истиқрори мушакҳо дар хоки Калинингард амалест "ғайри ғобили дарк" ва вазири хориҷаи Латвия Марис Риекстис гуфт, ки ин маънои бозгашт ба даврони ҷанги сардро дорад.

XS
SM
MD
LG