Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаҳои ҳавоии амрикоиҳо болои афғонҳои мулкӣ


Мақомот гуфтанд, ки нирӯҳои таҳти раҳбарии Амрико дасти кам ҳафт шаҳрванди мулкиро дар натиҷаи як ҳамлаи ҳавоӣ дар шимолуғарби Афғонистон ба ҳалокат расониданд. Раиси ҷумҳурӣ Ҳомиди Карзай гуфт, ки масъалаи ҳалокати мардуми осоишта дар натиҷаи ин гуна ҳамлаҳо, ки ғолибан аз ҷониби амрикоиҳо сурат мегирад, ба як масъалаи аслии мавриди нигаронӣ табдил шудааст. Вай аз раиси ҷумҳурии тозаинтихоби ИМА Барак Обама хост, ки ҷилавгирӣ аз қатли мардуми бегуноҳро дар меҳвари ҳадафҳои худ қарор диҳад. Ҳодисаи ахир дар вилояти Ғурмочи вилояти Бодғис рӯй дод, вақте корвони муштараки нирӯҳои амрикоиву афғонӣ шоми чоршанбе мавриди ҳамлаи Толибон қарор гирифтанд.
XS
SM
MD
LG