Пайвандҳои дастрасӣ

Як марди рустоии осетин аз тири снайпер кушта шуд


Ҳукумати ҷумҳурии ҷудоиталаби Осетияи Ҷанубӣ гуфт, бар асари тири снайпере, ки аз ҷониби минтақаи таҳти контроли Гурҷистон кушода шуд, як сокини рустои осетинӣ ба ҳалокат расид. Дар паи даргириҳои мусаллаҳонаи панҷрӯзаи миёни нирӯҳои русиву гурҷӣ августи имсол дар хоки Осетияи Ҷанубӣ, вазъи амниятӣ дар ин манотиқ хеле ҳассос боқӣ мемонад. Маъмурияти ҷумҳурии ҷудоиталаб гуфтааст, ки марди деҳотӣ рӯзи чоршанбе савори мошин аз наздикиҳои пойтахт шаҳри Тсхинвалӣ убур мекард, ки ҳадафи тир қарор гирифт. Нирӯҳои русӣ 8 август вориди хоки Гурҷистон шуда талош карданд ба кӯшиши нирӯҳои гурҷӣ барои таҳти назорат даровардаи вазъ дар ҷумҳурии ҷудоихоҳи Осетияи Ҷанубӣ муқовимат кунанд.
XS
SM
MD
LG