Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Исроил мухолифи музокираи Обама бо Эрон аст


Вазири хориҷаи Исроил Тсипӣ Ливнӣ имрӯз гуфт, ки изҳори омодагии раиси ҷумҳурии тозаинтихоби ИМА Барак Обама барои роҳандозии музокирот бо Эрон - дар қаламрави Ховари Миёна метавонад чун заъфшавии талошҳо барои водоркунии Ҷумҳурии Исломӣ ба хатми барномаи ҳастаиаш арзёбӣ шавад. Изҳороти Ливнӣ чун нахустин нишонаи адами ризоияти мақомоти баландпояи Исроил бо дидгоҳҳои раиси ҷумҳурии нави Амрико арзёбӣ мешавад, ки дар паи интихоботи рӯзи 4 ноябр ба ин мансаб пазируфта шуд. Ба суоли хабарнигорони ғарбӣ оид ба ин ки оё вай ба имкони роҳандозии гуфтугӯҳо бо Теҳрон чӣ гуна баҳо медиҳад, вазири хориҷаи Исроил Тсипӣ Ливнӣ посухи рад додааст.
XS
SM
MD
LG