Пайвандҳои дастрасӣ

Пирӯзии бечунучарои Барак Обама дар интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико, ба ақидаи таҳлилгарон, чанд сабаб ва омилҳои умда дошт.

Пеш аз ҳама, ин албатта нигаронии амиқи сокинони кишвар аз вазъи тоқатфарсои иқтисоду густариши бӯҳрони молӣ ва коҳиши сатҳи маҳбубияти сарвари кунунии ИМ Ҷорҷ Буш ва ҳукуматаш миёни шаҳрвандон мебошад.

Хабаргузории CBS менависад, беш аз нисфи райъдиҳандагон вазъи иқтисодии кишварро хеле бад арзёбӣ намуда, дар мавриди ояндаи иқтисод изҳори нигаронии амиқ мекарданд. Теъдоди зиёдашон хавф доштанд, ки агар вазъ бадтар гардад, соли баъд ин метавонад ба ҳаёти шахсии онҳо асобат кунад.

Таҳлилгарон мегӯянд, Обама дар муқоиса бо рақибаш Ҷон Маккейн, тавонист, интихобкунандагонро бовар кунонад, ки ӯ роҳи беҳтари ҳалли бӯҳронро пайдо хоҳад кард. Натиҷаҳои интихобот ҳокӣ аз онанд, ки аз се ду қисми райъдиҳандагоне, ки вазъи иқтисод онҳоро сахт нигарон мекард, ба ҷониби номзад аз Ҳизби демократ овоз доданд.

Обама рақибашро қариб дар ҳамаи нишондодҳо мағлуб кард. Ҳамин тавр, ӯ 60 дар сади орои интихобкунандагонеро, ки даромади хонаводагии камтар аз 50 ҳазор доллар дар як сол доранд, касб намуд. Нишондодҳои вай миёни интихобкунандагоне, ки даромадашон бештар аз 50 ҳазор аст, тақрибан баробари нишондодҳои Маккейн буд ва аммо аз ҳама тааҷҷубовар ин аст, ки миёни оилаҳое, ки солона бештар аз 100 ҳазор доллар дарёфт мекунанд, Обама бо Маккейн қариб баробар буда, миёни онҳое, ки беш аз 200 ҳазор солона ба даст меоранд, ҳатто аз рақибаш 6 дар сад пеш рафт.

Ин дар ҳолест, ки баъзеҳо мегӯянд, шикасти Маккейн аз Обама аз аввали маърака маълум буд ва сенатори солхӯрда дар муқобили нахустин сарвари сиёҳпӯсти Амрико шонсе барои пирӯзӣ надошт. Таҳлилгари маркази пажӯҳишии American Enterprise Institute, воқеъ дар Вашингтон, Норман Орнштейн, ба радиои Озодӣ гуфт, маъракаи интихоботии Маккейн аз оғозаш омад надошт. Ӯ гуфт, ҷанг дар Ироқ барои ҷумҳурихоҳон мавзӯъи пирӯзибахш буд, чунки ба интихоботкунандагон аз собиқаи ҷангии Маккейн ёдоварӣ мекард. Замоне ки ҷанг мавзӯъи аслии маърака буд, мардум ба шахсияти қаҳрамононаи Маккейни ҷанговар таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир мекарданд ва аммо баъд аз он ки камтар аз ду моҳ пеш аз таърихи райъдиҳӣ мавзӯъи аслии маърака тағйир ёфт, нишондоҳои Маккейн рӯ ба коҳиш ниҳоданд.

Баъд аз сар задани бӯҳрони молӣ ва рукуди иқтисод мардум бештар ба ин мавзӯъҳо аҳамият медоданд ва иқтисод, ба ақидаи Орнштейн, ҳеҷ вақт аз ҷонибҳои қавии Маккейн маҳсуб намешуд. Илова бар ин, дар вазъи сангини иқтисодӣ ҳама Ҷорҷ Бушро айбдор мекарданд ва дар пеши чашми интихобкунандагон Маккейн ҳампаймон ва муттаҳиди раисҷумҳур буд.

Профессори Донишгоҳи давлатии Ню-Йорк Роберт Спитзер бо ҳамсӯҳбати қаблиамон ҳамфикр аст ва мегӯяд, дар яке аз суханрониҳояш дар оғози маъракаи интихоботӣ Маккейн иқрор шуда буд, ки ба андозаи кофӣ иқтисодро намедонад. Замоне, ки райъдиҳандагон метарсанд, ки кор ва пасандозҳояшонро аз даст диҳанд, онҳо рӯ ба номзаде меоранд, ки ваъда медиҳад, ки ҳалли ин мушкилиҳоро пайдо кунад.

Воқеияти он ки Маккейн дар муқоиса бо рақибаш солхӯрдатар аст, барои вай як чолиши аслӣ шуд. Дар маъракаи интихоботиаш барои ҷалби сармоя ва ҷонибдорони бештар Обама аз фанновариҳои нав ва ҳозиразамон истифода мекард. Масалан, дар саҳифаи интернетии ЮТюб ҳузури Обама ҳамеша фаъол буд, тарафдоронаш инчунин пайёмҳои катбии телефонҳои ҳамроҳро низ моҳирона мавриди истифода қарор доданд.

Дастаи Маккейн бошад, маъракаро бештар бо сабки суннатӣ мебурданд.


Обама ҳамеша пурнерӯ, фаъъол, хушбахту осудаҳол ва Маккейн бадхӯ ва афсурда менамуд.
XS
SM
MD
LG