Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷаласаи Гурӯҳи Минск дар масъалаи Қаробоғ


Ҳамраисони Гурӯҳи Минск, ниҳоди Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар ҳалли низоъи Қарабоқи Кӯҳӣ байни Арманистон ва Озарбойҷон имрӯз дар Венаи Австрия ҷаласа барпо мекунанд. Сафири Русия Юрий Мерзляков, сафири Фаронса Бернар Фасйе ва ноиби ёвари вазири умури хориҷии Амрико Метю Бриза аз ҳамраисони ин созмон мебошанд. Ин ҷаласа дар ҳоле барпо мешавад, ки сарони Арманистону Озарбойҷон якшанбеи гузашта зери назари президенти Русия Дмитрий Медведев ба ҳалли муталақан осоиштаи низоъ ризоият доданд.
XS
SM
MD
LG