Пайвандҳои дастрасӣ

Обама ба ташкили ҳукуматаш шурӯъ кард


Президенти мунтахаби Иёлоти Муттаҳида Барак Обама ба думболи пирӯзии чашмгираш дар интихототи рӯзи сешанбеи Амрико ба ташкили ҳукумати худ оғоз кард. Тибқи хабарҳо вай ба узви Конргесс Рам Эмануел пешниҳод кард, раёсати дастгоҳи Кохи Сафедро бар ӯҳда бигирад. Эмануел, ки низ монанди Обама аз Чикагост, қаблан дар ҳукумати президенти пешин Билл Клинтон дар Кохи Сафед ба ҳайси мушовир кор кардааст. Расми савганди Обама ҳамчун нахустин президенти сиёҳпӯсти Амрико рӯзи 20-уми январи соли 2009 баргузор мешавад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG