Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Назари нозирон ба интихоботи президентӣ дар Амрико


Нозирони интихобот аз Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо гуфтанд, интихоботи президентии рӯзи сешанбеи Амрико ба меъёрҳои демократӣ посухгӯ буда, раъйдиҳандагон дар ин мусобиқаи борақобат гузиниши дониста карданд. Аммо Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо ба мақомоти Иёлоти Муттаҳида машварат дод, ки бархе аз камбудиҳоро дар низоми интихоботии худ ислоҳ кунад. Сафир Оудрӣ Гловер, дипломати бритониёӣ, ки ба ҳайати нозирон раҳбарӣ мекард, дар изҳороти расмие гуфт, интихобот ҳамаи арзишҳои бунёдии як раъйдиҳии демократиро инъикос дод. Вале мақомот бояд дар бархе аз нуқоти раъйдиҳӣ махфияти интихоботро таъмин кунанд ва номутамарказии низоми интихоботӣ ноҳамгунии густардаи равандро ба миён овардааст.
XS
SM
MD
LG