Пайвандҳои дастрасӣ

Барқияи Эмомалӣ Раҳмон ба Барак Обама


Раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ба унвони президенти мунтахаби Иёлоти Муттаҳида Барак Обама барқияи табрикӣ фиристод. Дар он гуфта мешавад, ки Тоҷикистон ҳамкории коршариконааш бо Амрикоро фарояндаи муҳим мешуморад ва хостори густариши ин ҳамкорист. Ҳамчунин садорати Ҳизби демократи Тоҷикистон, ҷиноҳи Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, пирӯзӣ дар интихоботро ба Барак Обама табрик гуфта, изҳори умедворӣ кардааст, ки президенти нави Амрико ба вазъи ҳуқуқи башар дар кишварҳои шарик ва ҳамкораш таваҷҷӯҳи хос зоҳир хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG