Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ваъдаи Эмомалӣ Раҳмон ба мардум


Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми ин кишвар қавл дод, ки моҳи ноябри имсол ва дар моҳҳои баъдӣ хонаҳои мардум бо нерӯи барқи бештар таъмин хоҳад шуд. Зимни суханронӣ дар расми мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани агрегати дуввуми нерӯгоҳи барқи обии Сангтӯда – 1 Эмомалӣ Раҳмон гуфт, назар ба моҳи ноябри соли гузашта ба хонаҳои мардум аз се то чаҳор соат бештар нерӯи барқ интиқол дода хоҳад шуд. Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон, шаҳрҳо ва биноҳои баландошёнаи он зимистони имсол пайваста бо нерӯи барқ таъмин мешаванд. Нерӯгоҳи барқи обии Сангтӯда –1 дар сурати пурра мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтан, қодир ба тавлиди 2 миллиарду 700 миллион киловат соат нерӯи барқ хоҳад буд. Тоҷикистон, ки тақрибан ним сол худро бо нерӯи барқи кофӣ таъмин карда наметавонад, соли гузашта бӯҳрони амиқи энержиеро паси сар кард, ки тайи даҳсолаҳои ахир мушоҳида нашуда буд.
XS
SM
MD
LG