Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ифтитоҳи расонаҳои нави давлатӣ


Телевизиёни давлатии «Ҷаҳоннамо» ва радиои «Фарҳанг» барномаҳои худро имрӯз, панҷуми ноябр, оғоз карданд.

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, дар маросими ифтитоҳи телевизиёни «Ҷаҳоннамо» барои бори аввал тугмаи пахши барномаҳои онро ба кор даровард ва ин шабака кори худро монанди шабакаҳои дигари токунун фаъоли Тоҷикистон аз пахши суруди миллӣ ва ахбори расмӣ шурӯъ кард. Оқои Раҳмон дар маросими ифтитоҳи ин телевизиён изҳори умедворӣ аз он кард, ки ин телевизиён ба пур кардани холигоҳи фазои иттилоотии Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.

Абдумаҷид Усмонов, раиси телевизиёни «Ҷаҳоннамо», гуфт, ин телевизиёни тозатаъсис дар шабонарӯз 24 соат ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва инглисӣ танҳо барномаҳои иттилоотӣ пахш мекунад. Оқои Усмонов афзуд, барномаҳои ин телевизиён феълан фақат дар 60 дарсади ҳудуди Тоҷикистон пахш мешаванд ва баъдан бо даст ёфтан ба имконоти фаннӣ аз тариқи моҳвора ба саросари ҷаҳон нашр хоҳанд шуд. Оқои Усмонов ҳамчунин гуфт, феълан телевизиёни «Ҷаҳонннамо» дар манотиқи Тоҷикистон хабарнигор надорад, аммо дар оянда бунгоҳҳои хабарии он дар минтақаҳои кишвар боз хоҳанд шуд.

Дар ҳамин ҳол Раҷаби Мирзо, рӯзноманигори тоҷик, ба далели он, ки имконоти телевизиёни «Ҷаҳоннамо» заъиф ва барои як телевизиёни иттилоотӣ кофӣ нестанд, мегӯяд, он дар роҳи расонидани иттилоот ба мардум чандон мувафақ нахоҳад шуд. Оқои Мирзо мегӯяд, барои он, ки як телевизиён расонаи иттилоотӣ бошад, бояд он натанҳо дар дохили кишвар, балки дар аксари кишварҳои ҳамсоя ва абарқудрат хабарнигор дошта бошад, вале чунин имконотро телевизиёни «Ҷаҳоннамо» надорад.

Дар ҳамин ҳол Марат Мамадшоев, муҳаррири нашрияи русизабони «Азия плюс», мегӯяд, ин телевизиён аз шабакаҳои давлатии «Сафина» ва «Шабакаи аввал» фарқе нахоҳад дошт. Оқои Мамадшоев мегӯяд, ин телевизиён бар изофаи шабакаҳои қаблии телевизиёнӣ минбари ҳукумат хоҳад шуд ва дар барномаҳои он назари ақшори мухталифи ҷомеъа ҷой нахоҳанд гирифт.

Аммо Абдумаҷид Усмонов, раиси шабакаи «Ҷаҳоннамо», мегӯяд, «Ҷаҳоннамо» ягона шабакаи иттилоотие хоҳад шуд, ки вазъи дохили кишварро барои бинанадагони хориҷӣ ва авзоъи беруни Тоҷикистонро барои бинандагони дохилӣ баррасӣ хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG