Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду медали варзишгарони тоҷик дар Эрон


Варзишгарони тоҷик Азамат Умарзода ва Илҳом Маллаев барандагони ҷоизаҳои нахустин мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба кикбоксинг аз рӯи ривояти Федеросиюни ҷаҳонии ориентол (WOF) дар Эрон гардиданд.

Ба иттилоъи Камол Саидмуродов, раиси Федеросиюни кикбоксинги Тоҷикистон, дар ин мусобиқот, ки дар шаҳри Теҳрон баргузор шуд, ҳудуди 3 ҳазор варзишгар аз наздики 40 кишвар ширкат карданд.

Қаҳрамони Осиё Азамат Умарзода дар сабқати ҷаҳонӣ дар бахши лоу кик дар вазни 75 кг бар рақибони худ аз Ҳиндустону Урдун пирӯз гардида, ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт. Вале ӯ дар рақобати ҳалкунанда аз мизбони сабқат – варзишгари эронӣ - мағлуб шуд ва бо медали нуқра сарфароз гардид.

Намояндаи дигари Тоҷикистон Илҳом Маллаев, қаҳрамони ҷаҳон ва Осиё байни варзишгарони ҳирфаӣ, бори нахуст дар бахши фри файт дар вазни 57 кг ҳунарнамоӣ кард. Ӯ дар даврҳои аввал бар рақибонаш аз Покистону Афғонистон дастболо шуд, вале дар даври ниманиҳоӣ доварон ҳарифи Илҳом - варзишгари эрониро ғолиб донистанд. Ҳамин тариқ, варзишгари тоҷик бо медали биринҷӣ мукофотонида шуд.

XS
SM
MD
LG