Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Табрикномаи ҲДТ дар робита ба пирӯзии Барак Обама


Раҳбарияти Ҳизби демократи Тоҷикистон, ҷиноҳи Маҳмадрӯзӣ Искандаров, номзади Ҳизби демократи Амрико Барак Обамаро дар робита ба пирӯз шуданаш дар интихоботи президентии ин кишвар зимни як эъломия табрик гуфтааст.

Дар ин изҳория аз ҷумла омадааст «мо бовар дорем, президенти тозаинтихоб Барак Обама ба масъалаи ҳуқуқи инсон дар ҷаҳон таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуда, аз ҳамаи шарикон ва ҳамкорони худ риояи бевоситаи онро талаб хоҳад кард. Яъне мо бовар дорем, ки ба қазияи лидери ҳизби мо Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, ки ҳуқуқҳои инсониву сиёсиаш нақз шудаанд, аз нав расидагӣ сурат мегирад».

XS
SM
MD
LG