Пайвандҳои дастрасӣ

Дмитрий Медведев Амрикоро танқид кард


Normal 0

Раиси ҷумҳури Русия Дмитрий Медведев дар нахустин паёми солонааш ба мардум, Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро сабабгори ҷанг дар Гурҷистон ва ҳамчунин сабабгори бӯҳрони ҷаҳонии молӣ номид. Зимни суханронӣ, Дмитрий Медведев гуфт, муноқишаи Русия ва Гурҷистон дар моҳи август натиҷаи “сиёсаҳои худхоҳонаи ҳукумати Амрико” буд ва Русия дар Қафқоз пас намегардад. Ба гуфтаи раиси ҷумҳури Русия, ғарази шахсии амрикоӣ сабаби бӯҳрони молӣ дар ҷаҳон шудааст. Дмитрий Медведев моҳи май ба ҷойи Владимир Путин раиси ҷумҳури пешини Русия ба ин мақом нишаст.

XS
SM
MD
LG