Пайвандҳои дастрасӣ

«Харитаи Роҳ» ва масоъили балуҷҳои Покистон


Урдугоҳи зарардидагони заминларза дар иёлати Балучистони Покистон

Урдугоҳи зарардидагони заминларза дар иёлати Балучистони Покистон

Покистон тасмим гирифтааст, ки муноқишаҳои дохилии худ бо ақаллияти миллии балуҷҳоро ҳал кунад.

Вале намояндагони балуҷҳо, ки аслан дар иёлати Балуҷистон, воқеъ дар ҷануби ғарбии Покистон, дар минтақае байни Эрону Афғонистон ба сар мебаранд, бо барномаҳои давлати Покистон дар мавриди сулҳ комилан розӣ нестанд. Балуҷҳо мегӯянд, барномаи «Харитаи Роҳ», ки ҳукумати Покистон онро эълон кардааст, барои расидан ба сулҳ бо ин қавм кофӣ нест ва онҳо мехоҳанд қаламрави мухтори худро дошта бошанд. Онҳо мехоҳанд ҳукумати Покистон сарватҳои табиъии онҳоро дар ихтиёрашон бигзорад.

Бо вуҷуди ин ки балуҷҳои Покистон дар имтидоди роҳҳои тиҷоратӣ ба сар мебаранд ва манотиқи зисти онҳо дорои сарватҳои муҳимми табиъист, онҳо акнун дарёфтаанд, ки зиндагии чандон хубе надоранд ва ба фишору навмедӣ рӯбарӯ ҳастанд. Беш аз 8 милён нафар балуҷҳо силсилакӯҳҳои Эронро, минтақаеро, ки қисмате аз Покистону Эрон ва Афғонистонро фаро мегирад, ватани худ медонанд. Дар ҷануб балуҷҳо марзу буми худро то ба баҳри Арабӣ меҳисобанд. Феълан 60 дарсади балуҷҳо дар дар иёлати Балуҷистони Покистон ба сар мебаранд ва мехоҳанд кишвари мухтори худро дошта бошанд.

Барои бароварда сохтани ин хости худ онҳо аз соли 2004 ба ин су чаҳор дафъа дар остонаи шӯриши хушунатбор қарор доштанд. Якуним милюн балуҷи дигар дар қаламрави Эрон дар шароити душвори сиёсиву фишори фарҳангӣ бо шиъаҳо ба сар мебаранд. Ин ҳам қар ҳолест, ки онҳо суннимазҳаб ва ҳанафӣ мебошанд. Дар Афғонистон шумораи онҳо як милюнро ташкил медиҳад.

Ҳоло ҳукумати Покистон ба раҳбарии раисҷумҳур Осиф Алӣ Зардорӣ метавонад бо шӯришҳои бештаре рӯбарӯ шавад, ки бо кумаки «Толибон» ва ё «ал-Қоъида» созмондиҳӣ мешавад. Ба ин далел ҳукумати Покистон барои қатъи шӯриши балуҷҳо бо онҳо роҳи музокиротро пеш гирифтааст. Моҳи сентябри соли ҷорӣ Осиф Алӣ Зардорӣ дар нахустин паёми худ ба порлумони кишвараш зарурати ин масъаларо хотирнишон карда буд: "Дастури рӯз ин аст, ки зуд пеш биравем ва захмҳои куҳнаро муъолиҷа кунем ва дар федеросиюн бояд ҳақиқатро барқарор созем. Бахшидани мардуми Балуҷистон аз иқдоми дерпои зарурист".

Бо назардошти чунин даъват ҳафтае пеш ҳукумати Покистон барномаи «Харитаи Роҳ» ё қатъи шӯриши балуҷҳоро мунташир сохт ва пешниҳод кард, ки бояд бо миллатгароёни балуҷ музокира анҷом бигирад. Аммо Ҳабиб Ҷолиб, дабири кулли Ҳизби Мардумии Балуҷистон, ба радиои «Озодӣ» гуфт, вай умедвор буд, ки дар ин «Харитаи Роҳ» ба Балуҷистон истиқлолу мухторияти бештаре қоил хоҳад шуд.

Ӯ ба ҳукумати Покистон пешниҳод кардааст, ки барои рушди иқтисоди минтақа ва иҷрои тарҳои рушд бояд милёрдҳо дулор сармоягузорӣ шавад, то ин пулҳо дар сохтмони роҳҳои автомобилраву роҳи оҳан, эҳдоси сарбандҳои обӣ барои нерӯгоҳҳои барқ ва сохтмонҳои дигар масраф шавад. Ба эҳтимоли зиёд ин масоъил дар музокироти миёни ҳукумат ва намояндагони мардуми балуҷ дар оянда баррасӣ хоҳанд шуд.
XS
SM
MD
LG