Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Барак Обама -- президенти нави Иёлоти Муттаҳида


Тибқи охирин хабарҳо номзади демократҳо Барак Обама рақиби худ номзади ҷумҳурихоҳон Ҷон Макейнро шикаст дода, президенти нави Амрико интихоб шуд. Тибқи шумориши экзитпол ё пурсиши интихобкунандагон баъд аз раъйдиҳӣ ва ба истилоҳ натиҷаҳои инъикосӣ Обама дар аёлати худ Иллинойс ва ҳамчунин аёлатҳои Пенсилвания, Массачусетс, Ню Ҷерсӣ, Ню Ҳемпшир, Делавар, Оҳайо, Калифорния пирӯз гашт ва ғалабаи ӯ таърихӣ шумурда мешавад.Ба ин тариқ вай раъйи зиёда аз 270 вакили интихоботиро ба даст меорад. Обамаи 47-сола аввалин президенти сиёҳпӯст ва 44-умин раисиҷумҳури Амрико мешавад.
XS
SM
MD
LG