Пайвандҳои дастрасӣ

Сафари ҳайати олии НАТО ба Косово


Мақомоти аршади Паймони Атлантики Шимолӣ, НАТО таҳти сарварии Дабири кулли ин созмон Яап де Ҳуп Схеффер барои гуфтушунид бо сарони Косово вориди Пристина шуданд. Аъзои Шӯрои Атлантики Шимолӣ дар ин ҳайат ҳузур доранд ва ин нахустин сафари онҳо ба Косово пас аз ҷудо шудани он аз Сербия дар моҳи феврал мебошад. Ин шӯро, ки ниҳоди олии тасмимгирандаи НАТО мебошад, аз намояндагони 26 узви созмон ва Дабири кулли он иборат аст. Онҳо ҳамчунин ба посдорони сулҳи КFOR-и НАТО низ мулоқот хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG