Пайвандҳои дастрасӣ

Даҳҳо миллион нафар аз амрикоиён раъй доданд


Даҳҳо миллион нафар аз амрикоиён дар саросари Иёлоти Муттаҳида дар поёни як маъракаи таърихии интихоби президент тарафдории худро аз Барак Обама ё Ҷон Маккейн бо баргаҳои рой баён доштанд.) Хабаргузориҳо мегӯянд, мушкилоте аз қабили навбатҳои тӯлонии интихобкунандагон ва кор накардани мошинҳои раъйдиҳӣ ба вуқӯъ пайвастаанд, аммо ба сурати куллӣ интихоботи рӯзи сешанбе ҳамвор ҷараён гирифт. Интизор меравад, ки зиёда аз 100 миллион нафар дар таъини ҷойгузини президент Ҷорҷ Буш ширкат хоҳанд кард. Амрикоиён ҳамчунин ҳамаи 435 узви Маҷлиси намояндагон ва 35 узви сенати саднафараро интихоб хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG