Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ҳамлаи деҳаи Ванат мақомоти афғон нақш доштанд


Муфаттишони низомии ИМА ба хулоса омадаанд, ки мақомоти афғон ва сокинони як деҳа бо ҷангҷӯёни масъули куштори 9 низомии амрикоӣ дар моҳи июл пинҳонӣ созиш баста буданд.

Натиҷаи тафтиши ҳамла дар вилояти шарқии Кунар, ки дар наздикиҳои марзи Афғонистон бо Покистон қарор дорад, рӯзи сешанбе дар Вашингтон эълон шуд.

Дар натиҷагирии низомиёни ИМА таъкид шудааст, ки дар ҳамлаи деҳаи Ванат волии ин ноҳияи афғонӣ ва раиси полиси он "нақш доштаанд".

Муфаттишон машварат додаанд, ки ду мансабдори ёдшуда бояд ҳабс ва ба додгоҳ кашида шаванд ва ё ҳадди ақалл аз мансабҳояшон барканор гарданд.

Ҳамин манбаъ афзудааст, ки ҷангҷӯён аз хонаҳои сокинони деҳа оташ мекушоданд ва дар чунин ҳол метавон гуфт, ки онҳо " дастикам ёварони мутеъи" ҷангҷӯён будаанд.

Дар гузориш омадааст, ки 13 июл тахминан 200 ошӯбгар болои 70 афсару сарбози амрикоиву афғон ҳамла карда, 9 амрикоиро ба қатл расонданд. Дар ин ҳодиса ҳамчунон 27 низомии амрикоӣ ва 4 сарбози афғон маҷрӯҳ шуданд.

Аз соли 2005-ум ба ин тараф ин бузургтарин талафоти нерӯҳои ИМА дар Афғонистон мебошад.
XS
SM
MD
LG