Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Амрико интихоботи раёсати ҷумҳурӣ идома дорад


Имруз мардуми Амрико пои сандуқҳои рай мераванд, то раиси ҷумҳури нави худро интихоб кунанд. Онҳо аз ду муддаъии аслӣ барои мақоми раёсати ҷумҳурӣ аз Борак Обама ва аз Ҷон Маккейн якеро интихоб хоҳанд кард. Райдиҳӣ соъати 15-и вақти Тоҷикистон дар қисмати шарқии Амрико, дар Аляска оғоз шуд, ки ба вақти маҳаллӣ 7 субҳ аст. Ин интихобот пагоҳ, рузи чаҳоршанбеи соъати 10 қабл аз зуҳри Тоҷкистон дар ғарби Амрико ба поён мерасад. Дар шаҳраки Диксонвилле дар Нию Ҳэмпшайер аз соли 1960 ба ин су аҳолӣ ба таври маъмулӣ қабл аз дигарон рай медиҳанд. Ба таври намуна аз 21 рай, ки дар ин шаҳраки хурд ба сандуқ андохта шуд, 15 нафар ба ҷонибдорӣ аз Обама рай додаанд. Ин шаҳрак дар гузаштаҳо фақат барои ҷумҳурихоҳон рай медод. Уве Реггенхейн -корманди меҳмонсарои ин шаҳраки хурд дар ин бора чунин мегуяд:

"Аввалан, Ҷон Маккеейн барои раёсати ҷумҳурӣ-6 рай ва сипас Борак Обама 15 рай".

Назархоҳиҳои ахир дар Амрико нишон медиҳад, ки Обама-номзади Ҳизби Демократ дар сафи пеш қарор дорад. Барандаи ин интихобот бояд аз 538 райи Коллеҷи Интихоботӣ 270 рай ба даст орад. Имруз дар Амрико ҳамчунин 435 нафар аъзои Маҷлиси Намояндагон ва 35 нафар намояндагони Сенатро ипнтихоб мекунанд.

XS
SM
MD
LG