Пайвандҳои дастрасӣ

Ноиби раиси ҷумҳури Ироқ хостори райпурсӣ шуд


Тариқ ал Ҳошимӣ- яке аз ноибони раиси ҷумҳури Ироқ имруз гуфт, қарордод дар бораи идомаи истиқрори нируҳои Амрико дар Ироқ бояд ба райпурсӣ гузошта шавад. Оқои Ҳошимӣ, ки суннимазҳаб аст, мегуяд, ин қарордод бидуни гирифтани райи мардум набояд ба тасвиб расад. Ҳоло Бағдод ва Вошигтон дар бораи мақоми ҳуқуқии нируҳои Амрико дар Ироқ баъд аз соли 2008, яъне баъд аз хатми муҳлати истиқрори онҳо бо ҳам музокира мекунанд.

XS
SM
MD
LG