Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири Ирон аз райи эътимоди порламон маҳрум шуд


Имруз Маҷлиси Намояндагони Ирон ба Алӣ Курдон-вазири дохилаи ин кишвар райи эътимод надод ва чунин тасмими порламон бохти Маҳмуди Аҳмадинежод-раиси ҷумҳур арзёбӣ мешавад. Алӣ Курдон барои дарёфти дипоми ҷаълии ифтихорӣ аз донишгоҳи Оксфорди Бритониё аз райи эътимоди порламон маҳрум шуд. Аз 247 намояндаи порламон 188 нафар бар зидди вай рай доданд. 45 нафар аз вай ҷонибдорӣ карданд, вале 14 нафар аз додони рай худдорӣ варзиданд.

XS
SM
MD
LG