Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳезер Маҳер, Вашингтон

Дар ИМА имрӯз як рӯзи муҳим дар таърихи сиёсии ин кишвар аст: имрӯз раъйдиҳӣ барои интихоби вакилони нави маҷлиси намояндагон, сенат ва аз ҳама муҳим раисҷумҳури нави ин кишвар баргузор мешавад. Ва дар рӯзи интихобот ҳамаи пурсишҳои афкори умум дар бораи пешсафии ҳафтдарсадии номзади демократҳо Барак Обама бар рақиби ҷумҳурихоҳаш Ҷон Маккейн далолат мекунад. Аммо бо ин вуҷуд, ҳам Обама ва ҳам Маккейн як рӯз пеш аз раъйдиҳӣ ҳамоно барои ҳар як овози раъйдиҳандагонашон мубориза мебурданд. Обама рӯзи душанбе дар Флорида буд ва гуфт, интихоботи рӯзи сешанбе як рӯйдоди муҳими таърихӣ аст:

"Фардо шумо ба хотири пирӯзӣ дар интихобот метавонед ба сиёсате, ки кишварро тақсим кардааст, як минтақаро зидди минтақаи дигар, як шаҳрро зидди шаҳри дигар, ҷумҳурихоҳҳоро дар муқобили демократҳо қарор додааст, хотима диҳед. Фардо, дар ин лаҳзаи сарнавиштсози таърихӣ, ҳар яки шумо ба кишвар тағйироте оварда метавонед, ки ҳамаи мо ба он ниёз дорем".

Дар сурати пирӯзии Барак Обама дар интихобот, вай нахустин раисҷумҳури сиёҳпӯсти Амрико хоҳад шуд.

Дар ҳамин ҳол, Ҷон Маккейни ҷумҳурихоҳ зимни таблиғи худ дар зодгоҳаш Аризона, аз тарафдоронаш даъват кард, ки натиҷаҳои назархоҳиҳоро дар бораи маҳбубияти ками вай дар интихобот нодида гиранд:

"Муҳаққиқони зиёд моро нодида гирифтанд, ҳамонтавре ки дар гузашта кардаанд ва рақиби ман аллакай худро дар Кохи Сафед мебинад. Медонед, шояд онҳо инро надонанд, аммо Маккейн баргашт ва мо дар ин интихобот пирӯз мешавем".

Амрикоиҳо раисҷумҳури худро дар раъйдиҳии маъмулӣ интихоб намекунанд, ин корро 538 узви Маҷмаи интихоботии ИМА анҷом медиҳанд ва барандаи интихобот бар асоси натиҷагирии 51 раъйгирӣ дар ҳар аёлати ин кишвар муайян мешавад. Ҳоло дар шаш аёлати ин кишвар - Флорида, Индиана, Оҳаё, Миссурӣ, Невада ва Каролинаи Шимолӣ нишондодҳои ҳарду номзад ба ҳам хеле наздик аст. Аз ҳамин хотир, таблиғоти интихоботӣ то охирин лаҳза идома меёбад: ҳазорҳо тарафдорони Маккейну Обама ба хонаҳои мардум занг зада ва ё дарҳои онҳоро кӯфта ба пуштибонӣ аз номзади худ таблиғ мекунанд. То имрӯз миллионҳо нафар аллакай дар овоздиҳии пешакӣ иштирок карданд. Шумори онҳо 29 миллион нафар гуфта мешавад, ки аз се як ҳиссаи мардуми қобили раъйро ташкил медиҳанд. Ин нишондод аллакай 22 дар сад бештар назар ба интихоботи соли 2004 будааст. Илова ба таваҷҷӯҳи бештари мардум ба интихоботи имсола, завқу дилгармии онҳо зиёдтар назар ба рақобатҳои гузашта будааст. Инчунин, шумори амрикоиҳое, ки барои нахустин бор дар раъйгирӣ иштирок мекунанд, имсол бештар назар ба гузаштаҳо гуфта мешавад.

Вижагии дигари интихоботи Амрико дар тарзи овоздиҳӣ аст, ки бархе метавонанд тавассути ирсоли баргаи райъдиҳӣ бо исми номзади мавриди назарашон дар дохили нома мавқеи худро баён кунанд. Аз ин шеваи овоздиҳӣ имсол 70 дар сади раъйдиҳандагон истифода мекунанд. Баъдан тавассути мошини электронӣ ин баргаҳо таҳлил ва натиҷагирӣ мешавад. Зимнан, аллакай баъзе иштибоҳҳо дар кори ин мошинҳо зимни ҳисобу китоби раъйдиҳиҳои пешакӣ гузориш шудааст. Дар ду аёлат демократҳо аз болои мақомоти комиссиюни интихоботӣ шикоят бурда гуфтаанд, ки варақаҳои раъйдиҳӣ дар ҳаҷми нокофӣ чоп шудаанд.

Барои барандаи интихобот шудан, ба ҳар як номзад кофист, ки аз тарафдории 270 раъйи Маҷмаи интихоботӣ бархурдор шавад. Аксари нуқтаҳои раъйдиҳӣ дар сартосари Амрико имрӯз аз соати шаши субҳ боз шуда, то соатҳои 7-8-и шом кор хоҳанд кард.

XS
SM
MD
LG