Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

FAO ба Тоҷикистон гандум овард


Созмони озуқа ва кишоварзии СММ (FAO) ҷиҳати коҳиши сатҳи камбизоатӣ ва таъмини амнияти ғизо ба Тоҷикистон 500 тон гандуми заҳролуд ворид кард.

Тсукаса Кмито, намояндаи FAO дар Тоҷикистон мегӯяд, ин созмон гандуми воридаро бар асоси як тарҳи кӯмаки билоивази Бонки ҷаҳонӣ, ки 5 миллион доллар ҳазина доштааст, аз Туркия харидорӣ кардааст. Ба қавли оқои Кмито, қарор аст, гандуми заҳролуда ба 70 ҳазор оилаи камбизоат аз 19 ноҳияи вилояти Хатлон дар наздиктарин фурсат ба таври ройгон тақсим шавад.

Оқои Кмито гуфт, ҳадаф аз ин иқдом имкон додан барои таъмини ғизо ба оилаҳои бечораест, ки амнияти ғизоии онҳо дар шароити бӯҳрони ғизо дар олам билкул таъмин нест ва онҳо ба маводи ғизоӣ сахт эҳтиёҷ доранд. Ба қавли оқои Кмито, барои он ки гандуми ворида маҳз барои кишт сарф шавад, онро заҳролуд карданд, то оилаҳои ниёзманд онро барои ғизо истифода накарда, онро дар заминҳои худ кишт карда, аз он ҳосили хуб рӯёнанд.

Намояндаи созмони озуқа ва кишоварзии СММ гуфт, сармои шадиди зимистони гузашта, хушксолӣ ва афзоиши қимматҳо ба коҳиши мизони тавлиди маҳсулоти кишоварзӣ ва камбуди маводи ғизо дар Тоҷикистон мунҷар шудааст. Ва феълан беш аз як миллиону сесад ҳазор нафар дар ин кишвар ба хатари камбуди маводи ғизоӣ мувоҷеҳанд.

Оқои Кмито афзуд, харидории ин гандум ва ба зудтарин фурсат расидани он ба Тоҷикистон, ки мавсими кишти тирамоҳӣ феълан дар ин ҷо ҷараён дорад, зарур буд ва кишвари Туркия барои зудтар расидани ин гандум кӯмак кард. Вай ба сафири Туркия дар Тоҷикистон барои дар зудтарин фурсат расидани ин гандум ба Тоҷикистон дар шароите, ки худи ин кишвар ба ғизо ниёз дорад ва содироти гандумро ба берун манъ кардааст, миннатдорӣ баён кард.

Акиф Айхан, сафири Туркия дар Тоҷикистон мегӯяд, кишвараш бо назардошти он ки мардуми Тоҷикистон ниёз ба кӯмакҳои башарӣ доранд, барои харидорӣ ва содироти гандум дар фурсати кӯтоҳ ба Созмони озуқа ва кишоварзии Созмони милали муттаҳид мусоидат кардааст.

Бино ба иттилоъи Созмони озуқа ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид феълан беш аз 500 ҳазор тан аз ҷамъияти Тоҷикистон ба кӯмакҳои изтирории ғизоӣ ниёз доранд.

XS
SM
MD
LG